17 августи соли 2022 дар шаҳри Минск мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Финляндия Маҳмадшариф Ҳақдод бо намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Финляндия хонум Минна Мари Моруджарви баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва дурнамои ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Финляндия табодули афкор намуданд.