РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе беҳтарин боғи Тоҷикистон дониста шуд

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Гулзори маърифат» моҳҳои май-август дар миқёси ҷумҳурӣ баргузор гардид. Шоҳҷоизаи озмун ба боғи фарҳангӣ-фароғатии А. Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовор дониста шуд, ки бо Диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар озмун 93 боғи фарҳангию фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок карда, тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон 20 боғи фарҳангию фароғатӣ ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷамъбастии озмун 19 августи соли равон дар Вазорати фарҳанг бо иштироки Муовини вазири фарҳанг Сафарзода Давлат Шариф, роҳбарони боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва кормандони вазорат баргузор шуд.

Сафарзода Давлат Шариф зимни суханронии хеш боғҳои фарҳангӣ-фароғатии кишварро оинаи шаҳр, муаррифгари тамаддуни миллӣ, илҳомбахши шоирону ҳунармандон арзёбӣ намуда, дар идома қайд кард, ки “Бо ташаббусу дастгириҳои беоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ба маротиб афзоиш меёбанд. Ба ҳар минтақае, ки Президенти мамлакат сафар мекунанд, дар ифтитоҳи боғи фарҳангию фароғатӣ ширкат меварзанд. Имрӯзҳо дар миқёси ҷумҳурӣ 93 боги фарҳангӣ амал мекунанд, ки муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллии мост. Моро зарур аст, то ин гулгаштҳои зебо, илҳомбахши шоирону ҳунармандон, фарҳангу маданияти хешро ҳифзу хуб нигаҳдорӣ намоем.”

Сипас дар фазои тантанавӣ ҷоиза ва мукофоти пулӣ ба ғолибони озмун супорида шуд

Тибқи хулосаи ҳакамони озмун барои иштироки фаъолона боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Ҳисор, “Тус”-и ноҳияи Шаҳритус, “Хуталон”-и шаҳри Кӯлоб, Низомиддин Мир Алишери Навоии шаҳри Душанбе , «Устод Рўдакӣ»-и шаҳри Душанбе, Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кўлоб, Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон, «Боғи тиллоӣ»-и шаҳри Паҷакент, Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо Диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Барои ҷои сеюм боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе, ноҳияи Рашт, Сайфуддини Исфарангии шаҳри Исфара ва шаҳри Турсунзода сазовор гардиданд, ки бо Диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз шуданд.

Боғҳои фарҳангию фароғатии ноҳияи Дарвоз, ноҳияи Данғара ва шаҳри Ваҳдат сазовори ҷои дуюм, бо Диплом ва мукофтпулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Дўстӣ, «Темурмалик»-и шаҳри Гулистон сазовори ҷои якум, бо Диплом ва мукофотпулӣ сарфароз шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram