РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Тоҷикистон Академияи омӯзиши забони кореягӣ таъсис мешавад

Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат ҳайати Ҷумҳурии Корея, ки ба он намояндагони Кумитаи низоми маориф ва хизматрасонии ёрии фавқуллодаи тиббии Ҷумҳурии Корея, ширкатҳои Хизматрасонии кардиопулменарӣ, World mobility Associaion ва KOCECO шомил мебошанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

18 август ҳайати мазкур аз ҷониби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода пазируфта шуда, ҷонибҳо оид ба таъсиси Академияи омӯзиши забони кореягӣ бо мақсади сафарбар намудани қувваи корӣ барои таъмин намудани эҳтиёҷоти бозори меҳнати Корея дар бахши саноати сабук, мошинсозӣ ва баҳамории қисмҳои эҳтиётии электромобилҳо ибрози андеша намуданд.

Тарафҳо ҷиҳати баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ бо Ширкати World Мobility Associaion ба мувофиқа расиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram