Дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо бахши рушди устувори шаҳрсозии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) дар мавзуи «Пешгӯии Шаҳрсозии Устувор» семинар-машварат доир гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар кори чорабинӣ кормандони ниҳодҳои дахлдори дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дар оғози чорабинии мазкур Фарҳодзода Муҳиддин Фарҳод- сармутахассиси раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иштирокчиёнро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, аз сатҳи ҳамкориҳои кунунии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар ин зимн, аз ҷониби коршиносони ташкилоти болозикр оид ба татбиқи лоиҳаи «Пешгӯии Шаҳрсозии Устувор: дастгирии устувори банақшагирии инфрасохтор дар шаҳрҳо» барои шаҳри Душанбе рӯнамоиҳо манзур карда шуданд.
Семинар-машварат тули як рӯз идома ёфта, иштирокчиён мавзӯъҳои пешгӯии ниёзҳои ояндаи шаҳри Душанбе дар соҳаҳои энергетика, об ва партовҳои сахти маиширо мавриди муҳокимаронӣ қарор дода, донишҳои соҳавии худро бо инобати таҷрибаи ҷадиди байналмилалӣ сайқал доданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ бахши рушди устувори шаҳрсозии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманд миннатдории худро изҳор намуданд.