РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Корвони китоб» вориди Бадахшон шуд

Корвони фарҳангии китоб тавассути Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб”- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 августи соли равон вориди шаҳри Хоруғи ВМКБ гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар, дар маҷмуъ 3 ҳазору 440 нусха китобҳои тозанашр, бо маблағи 100 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби барномаи мазкур ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таври ройгон тақдим мегардад.

Ҳамзамон, дар назди Театри вилоятии дар номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор гардид, ки аз ҷараёни баргузории намоиш намояндагони аҳли фарҳангу маориф, тандурустӣ, мақомотҳои қудратӣ, дидан намуда, китобҳои мавриди таваҷҷуҳ хешро харидорӣ намуданд.

Дар намоиш-фурӯши китоб зиёда аз 530 номгӯй адабиётҳои илмӣ, соҳавӣ, сиёсӣ, тиббӣ, бадеӣ, бачагона аз осори адибони классику муосир ва ҷаҳон пешниҳод гардид.

Ёдовар мешавем, ки сафари Корвони фарҳангии китоб дар ВМКБ идома дошта, ба ноҳияҳои Шуғнон, Рушон, Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб низ китобҳои тозанашр ворид мегарданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram