РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Миёни Тоҷикистону Исроил машваратҳои сиёсӣ баргузор гардид

18 августи соли 2022 даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исроил баргузор гардид. Дар ин боар аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳайатҳои тарафҳоро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва муовини мудири кулли Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил Симона Халперин роҳбарӣ карданд.

Дар рафти машваратҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram