РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Норак: клубҳои фарҳангӣ обод мегарданд

Аз Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон хабар дод, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳои соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобхонаҳои деҳотӣ, мактабҳои санъат, бахшҳои фарҳанг ва клубҳо сардори Раёсати фарҳанги вилоят Рамазон Насриддинзода бо мудирони бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрӣ анҷом дода буд.

Зимни ин мулоқот сардори раёсат ҷиҳати сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар клубҳо, китобхонаҳо, мактабҳои санъат ва бахшҳои фарҳанги ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз кормандони бахши фарҳанги шаҳри Норак ҷиҳати дар амал татбиқ намудани супориши сардори раёсат ба ҳашари умумӣ баромада, бо дастгирии аҳолии маҳал бинои Клуби деҳотии деҳаи Кибили Ҷамоати деҳоти «Пулли Сангин»-ро аз нав таъмир менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram