РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Душанбе: Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» баргузор мешавад

5 – 6-уми октябри соли 2022 бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди уствувор, солҳои 2018- 2028” ва 20-солагии таъсисёбии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» баргузор мегардад. Дар ин бора радиои «Фарҳанг» бо такя ба сомонаи расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, барои иштирок дар кори конференсия олимону коршиносони соҳаҳои захираҳои об, иншооти гидротехникӣ, гидрометеорология, гидроэнергетика, экология, бехатарии ҳаёт ва ҳолатҳои фавқулода, инчунин аспирантҳо, докторантҳо (PhD) ва магистрҳо даъват карда мешаванд.

Ҳадафи асосии конференсия мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти бехатарии обӣ, таъмини рушди устувор дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим, ҳифз ва истифодаи объектҳои обӣ ва гидроэнергетикаву манбаъҳои аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия тавассути тавсеаи ҳамкорӣ, табодули иттилоот, дониш ва таҷриба маҳсуб меёбад.

Маводҳои конференсия дар сомонаи https://www.imoge.tj/ ҷойгир карда шуда, дар нашри махсуси маҷаллаи илмӣ-амалии «Захираҳои обӣ, энергетика ва экология»-и Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ интишор меёбанд.

Мавзуъҳои асосии кори конференсия:

Истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим;

Муносибатҳои муосири ҳифзи захираҳои об аз ифлосшавӣ ва технологияҳои тозакунии оби нущокӣ;

Ҳамкориҳо дар соҳаи об ва таъмини ҳадафҳои рушди устувор;

Рушди гидроэнергетика ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

Иншооти гидротехникӣ ва бехатарии онҳо;

Истифодаи усулҳои инноватсионӣ ва масъалаҳои марбут ба об;

Масъалаҳои экологӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо;

Ҳодисаҳои хатарноки табиӣ ва идоракунии хатари офатҳои марбут ба об;

Асосҳои илмӣ ва таълимии рушди иқтидор дар соҳаи хоҷагии об;

Таҷдиди таърихии ташаккули ландшафтҳо ва иқлими Осиёи Марказӣ бо мақсади дурнамо ва рушди устувор.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram