Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмуни эҷодиро барои журналистон ва публитсистон таҳти унвони «Роғун — арсаи мардонагӣ» эълон менамояд.
Озмун дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бармеояд, эълони солҳои 2022-2026 – Панҷсолаи рушди саноат ва ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Он бо мақсади таблиғу ташвиқи ҳамаҷонибаи саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ба истифода додани ду агрегати аввалини нерўгоҳи барқи обии Роғун ва идомаи сохтмони ин иншооти бузурги аср, тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва истеҳсолкунандаи «энергияи сабз», эҷоди асарҳои баландмазмуни публитсистӣ ва журналистӣ дар бораи қаҳрамонони заҳмати созандаву ватандӯстона, яъне бунёдкорони иншооти бузурги аср – Нерўгоҳи барқи обии Роғун, расидан ба истиқлоли пурраи энергетикии кишвар ва инкишофи инфрасохтори муосири саноатии ҷумҳурӣ, татбиқи ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- саноатикунонии миллӣ доир мегардад.
Озмуни мазкур аз 1 январ то 31 октябр дар давоми солҳои 2022-2026 гузаронида мешавад. Ба озмун маводе, ки аз 2 январ то 31 октябр дар воситаҳои ахбори оммаи чопӣ, сомонаҳои хабариву шабакаҳои иҷтимоӣ табъу нашр гардидаанд ва дар телевизиону радио пахш шудаанд, пешниҳод мешаванд. Довталабон метавонанд маводи худро ба нишонии шаҳри Душанбе, кўчаи С. Шерозӣ, 16, ошёнаи якум ирсол доранд. Мӯҳлати охири пешниҳоди мавод — 1 ноябр.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:
— Мақола дар нашрияҳои чопӣ 1 ҷойи якум – 8000 сомонӣ, 2 ҷойи дуюм – 5000 сомонӣ ва 2 ҷойи сеюм- 2500 сомонӣ
— Мавод дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ва сомонаҳои иттилоотӣ – 1 ҷойи якум- 15000 сомонӣ, 2 ҷойи дуюм- 10000 сомонӣ ва 2 ҷойи сеюм – 7000 сомонӣ;
— Маводи телевизионӣ — 1 ҷойи якум – 20000 сомонӣ, 2 ҷойи дуюм- 15000 сомонӣ ва 2 ҷойи сеюм – 10000 сомонӣ;
— Маводи радиоӣ – 1 ҷойи якум- 10000 сомонӣ, 2 ҷойи дуюм- 5000 сомонӣ ва 2 ҷойи сеюм- 3000 сомонӣ;
Маводи ба озмун пешниҳодшаванда бояд дар сатҳи баланди касбӣ омода шуда, ба муҳтавои озмун ҷавобгў бошад ва набзи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва заҳмати коргарону мутахассисони тоҷикро ҳаматарафа инъикос намояд. Мавод дар дилхоҳ жанри журналистӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод шуда метавонад.
Барои иштирок дар Озмун маводи зерин ба Комиссияи озмун пешниҳод мешавад:
— маълумот дар бораи довталаб;
— асарҳо дар шакли СD (барои маводи радиоӣ) ва DVD (барои маводи телевизионӣ ва филми мустанад) дар 7 нусха;
__ маълумотномаи эфири барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ;
— нусхаи маводи чопӣ дар 7 нусха;
— суроғаи матни мавод дар сомонаҳои интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида ;
— нусхаи шиноснома:
Иштирокчиёни озмун шахсони ҳуқуқӣ (идораҳои рўзномаву маҷаллаҳо, телевизион ва радио, агентиҳои иттилоотӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ғ.) ва воқеӣ (рўзноманигорон, муаллифони шабакаҳои иҷтимоӣ буда метавонанд.
Маълумоти иловагӣ:
+992 919 32 34 02
+992 988 00 44 33