РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе бахшида ба зодрӯзи академик Муҳаммад Осимӣ силсилаи таҳқиқоти илмӣ муаррифӣ мешавад

23 август дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи академик Муҳаммад Осимӣ силсилаи таҳқиқоти илмӣ муаррифӣ мешавад. Дар ин бора хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба иттилои манбаъ, дар рӯнамоӣ дар мазӯъҳои «Муҳаммад Осимӣ-олим ва ходими давлатӣ», «Адабиёт дар чашмандози илмии Муҳаммад Осимӣ», «Муҳаммад Осимӣ ва берунишиносӣ дар Тоҷикистон», «Муҳаммад Осимӣ ва масоили забоншиносии тоҷик», «Муҳаммад Осимӣ ва ЮНЕСКО», «Муҳаммад Осимӣ-пайвандгари тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон», «Муҳаммад Осимӣ ва маорифи Тоҷикистон», «Муҳаммад Осимӣ ва шарқшиносии тоҷик», «Муҳаммад Осимӣ-истилоҳшинос ва қомуснигор», «Муҳаммад Осимӣ ва омӯзиши масоили фолклоршиносӣ» аз ҷониби олимони тоҷик маърӯзаҳо пешниҳод мегарданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram