РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар «Тоҷикфилм» филмномаи «Дурахши ахтарон» (Ҷомӣ ва Навоӣ) баррасӣ шуд

18 август дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо иштироки масъулон ва олимону муҳаққиқон ҷаласаи Шурои бадеӣ доир ба муҳокимаи филмномаи «Дурахши ахтарон» (Ҷомӣ ва Навоӣ) баргузор гардид. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар кори ҷаласа Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», Абдуҷаббор Раҳмонзода мушовири илмии филми «Дурахши ахтарон», Шодимуҳаммад Сӯфизода, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Мақсудов Бадриддин, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Шамсиддин Орумбекзода, корманди Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик, Соро Мусофиршоева, собиқадори соҳаи синамо, Сафар Ҳақдодов, филмноманавис ва аъзоёни Шурои бадеӣ ширкат намуда, филмномаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Манбаъ афзуд, пас аз шинос шудани шакли аввали филмнома (дар асоси консепсияи пешниҳодшуда ва омода намудани сенария аз ҷониби филмноманависони ӯзбекистонӣ) гурӯҳи корӣ эроду пешниҳоди худро баён намуданд. Омода намудани филмнома бо забони асл (забони тоҷикӣ) ва пасон тарҷумаи он бо забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ, тақвият додани дӯстиву рафоқат байни қаҳрамонҳо (Ҷомӣ ва Навоӣ), нигоҳ доштани тавозун, такмил додани персонажҳои дуюмдараҷа, такрор нашудани сужаи филм бо дигар филмҳо ва дигар масъалаҳои ҷузъӣ, аз ҷумлаи он эроду пешниҳодот буд. Ҳамзамон, тавсия дода шуд, ки филмноманавис Сафар Ҳақдодов дар муддати даҳ рӯз дар ҳамкорӣ бо олимону муҳаққиқон дар асоси эроду пешниҳоди ироашуда шакли нави филмномаро бо забони тоҷикӣ ба Шурои бадеии муассиса пешниҳод намуда, коргардони филм барои баргузор намудани кастинг ҷиҳати интихоби ҳунармандон барои офаридани нақшҳо тадбир андешанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram