Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Қасри таърихии Арбоб Боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд гардида истодааст.
Боғи фарҳангию фароғатӣ дар даромадгоҳи асосии Қасри таърихии Арбоб сохта шуда, иншоот барои сайёҳон макони хуби истироҳативу сайёҳӣ хоҳад шуд.
Тибқи лоиҳа иншоот бо дарвозаи асосӣ, нишастгоҳҳо, гулгашту фаввораҳо сохта шуда, барои нақлиёт низ ташкили таваққуфгоҳ пешбинӣ гардидааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ошно шуда, ба сохтмончиёну мутахассисон ва рассомону ҳунармандон суҳбат карда, барои татбиқи босифати лоиҳа супоришҳо дод.