РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Тоҷикистону Тайланд бахшида ба 30-солагии муносибатҳои дипломатии худ чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мекунанд

22 августи соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Баҳромзода Озар Орифӣ бо мушовири Сафири Подшоҳии Тайланд дар Қазоқистон хонум Орафаи Фубунлап Гунасилан баргузор гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлкат хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, миёни ҷонибҳо гуфтугӯи самимӣ сурат гирифта, муносибатҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар, аз қабили баргузории як қатор чорабиниҳо бахшида ба 30 – солагии муносибатҳои дипломатӣ, боздид аз мавзеъҳои таъриҳию фарҳангии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram