22 августи соли 2022 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо ҳайати кореягӣ таҳти роҳбарии Фиристодаи махсуси Президент, узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея, ҷаноби Со Бёнсу баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, тарафҳо зимни мулоқот доираи васеи масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва башардӯстонаро муҳокима намуданд.