РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

ВФТ: 3440 нусха китоби тозанашр ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ тақдим гардид

Аз 17 августи соли равон Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №115 аз 03 апрели соли 2021 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», расонидани кумакҳо ҷиҳати мукаммалгардонии захираҳои китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар доираи озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм–фурӯғи маърифат», бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб»-ро ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон: шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим, Роштқалъа анҷом дод. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Субҳи 19 августи соли ҷорӣ дар назди Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор гардид, ки аз ҷараёни баргузории намоиш намояндагони аҳли фарҳангу маориф, тандурустӣ, мақомотҳои қудратӣ дидан намуда, китобҳои мавриди таваҷҷуҳи хешро харидорӣ намуданд.

Мардуми сарбаланди Хоруғ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мудирони Китобхонаҳо “Корвони китоб”-ро бо шодию нишоти беандоза истиқбол намуда, бо самимияту ихлос аз намоиш-фурӯш дидан карданд.

Дар намоиш-фурӯши китоб зиёда аз 530 номгӯй адабиётҳои илмӣ, соҳавӣ, сиёсӣ, тиббӣ, бадеӣ, бачагона аз осори адибони классику муосир ва ҷаҳон пешниҳод гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки “Корвони китоб” аз ҳисоби барномаи мазкур ба китобхонаҳои шаҳри Хоруғ 473 нусха китоб бо маблағи 15852,96 роёгон тақдим гардид.намуд.

Ҳамзамон дар ҷараёни сафари “Корони китоб” ба ноҳияҳои Ишкошим 424 нусха китоб бо маблағи 12192,78, Роштқалъа 423 нусха бо маблағи 11305,69, Шуғнон 443 нусха бо маблағи 12000,39, Рӯшон 404 нусха бо маблағи 12003,72, Ванҷ 399 нусха бо маблағи 12000,62, ва Дарвоз 402 нусха бо маблағи 12001,04 тӯҳфа гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ 3440 нусха китобҳои тозанашр, бо маблағи 100 000 сомонӣ ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таври ройгон тақдим гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram