РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар АМИТ бахшида ба зодрӯзи академик Муҳаммад Осимӣ китобҳои илмӣ-таҳқиқӣ рӯнамоӣ шуд

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи академик Муҳаммад Осимӣ рӯнамоии китобҳои илмӣ-таҳқиқӣ ҷиҳати баррасии фаъолияти илмии мавсуф бо ибтикори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш баргузор шуд. Дар ин бора аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Аҳли илму адаб аз муассисаҳои мухталифи давлатӣ субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар Рӯнамоии академик Осимӣ ба АМИТ омада, бо иштиёқи хос аз ҳамкорӣ бо равоншод сухан гуфтанд.

Ҳамоиши илмии бахшидашуда ба олими нақшгузорро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ қайд кард, ки солҳои раҳбар будани хеш равоншод дар Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон чораҳо меандешид ва имкон фароҳам меовард, ки мутахассисони илм аз зумраи ашхоси маҳаллӣ камол ёбанд. Ҳеҷ фардеро, ки он солҳо дар Академия фаъолият доштааст, намебинед, ки аз устод Осимӣ фикри манфӣ дошта бошад. Ҳама якмаром аз сатҳи олии инсонгарӣ ва донишмандии шодравон сухан мекунанд. Ҳамаи ин далелҳо нишони онанд, ки академик Муҳаммад Осимӣ дар рушди улум, ба вижа илмҳои табиатшиносӣ нақши муассире гузошта, имкон фароҳам овардааст, ки илми ватанӣ чун қудрат дар қудрат нақшофарин бошад. Пайвасти илму истеҳсолот он солҳо, ки ҳамакнун Шӯравӣ меномем, аз такмил ёфтану тараққии бемайлони илми тоҷик гувоҳӣ медод.

Олимон дар мавзуъҳои гуногуне чун «Муҳаммад Осимӣ-олим ва ходими давлатӣ», «Адабиёт дар чашмандози илмии Муҳаммад Осимӣ», «Муҳаммад Осимӣ ва берунишиносӣ дар Тоҷикистон», «Муҳаммад Осимӣ ва масоили забоншиносии тоҷик», «Муҳаммад Осимӣ ва ЮНЕСКО», «Муҳаммад Осимӣ-пайвандгари тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон», «Муҳаммад Осимӣ ва маорифи Тоҷикистон», «Муҳаммад Осимӣ ва шарқшиносии тоҷик», «Муҳаммад Осимӣ-истилоҳшинос ва қомуснигор», «Муҳаммад Осимӣ ва омӯзиши масоили фолклоршиносӣ» ба баррасии осор ва фаъолияти Муҳаммад Осимӣ пардохтанд, аммо лаҳзаҳои хотирмон ҳамонҳое ҳастанд, ки раводшод ҷиҳати рушди илмҳои табиатшиносӣ иқдом мекарданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram