РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Душанбе: озмуни «Ҳунарманди сол» баргузор мешавад

26 август дар Душанбе озмуни шаҳрии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.. 

Ба иттилои манбаъ, озмуни мазкур дар асоси Барномаи рушди ҳунармандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баргузор гардида, ҳадаф аз он бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.

Озмун аз рӯи 6 номина: кандакорӣ-дуредгарӣ, дӯзандагӣ, наққошӣ-рассомӣ, кулолгарӣ-аъҷубасозӣ, бофандагӣ ва коркарди металл баргузор мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram