РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Сироҷиддин Муҳриддин бо Директори минтақавии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ Ҷон Айлиев мулоқот намуд

22 августи соли 2022 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Директори минтақавии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) ҷаноби Ҷон Айлиевро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои вазорат, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва WFP, аз ҷумла раванди татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор таъмини амнияти озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани сатҳи хавфи офатҳои табииро баррасӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram