РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Душанбе: Наврасони пойтахт дар Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон дар Москва иштирок мекунанд

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе субҳи имрӯз як гурӯҳ таълимгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ҷиҳати иштирок дар Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон, ки 24-28 август дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор мегардад, ба ин шаҳр сафар намуданд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хабар доданд.

Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон дар павилони №57 Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ (боғи «Русия – таърихи ман»)-и шаҳри Москва доир мешавад.

Дар форуми мазкур зиёда аз 1,5 ҳазор нафар кӯдакону наврасон аз тамоми минтақаҳои Федератсияи Русия ширкат варзида, дар он намояндагони 10 кишвар- Беларус, Осетияи Ҷанубӣ, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Ҷумҳурии Халқии Донетск, Ҷумҳурии Халқии Луганск, Миср ва Абхазия иштирок менамоянд.


«Тибқи барномаи форум, иштирокчиён дар зиёда аз 60 чорабинии гуногун ширкат меварзанд. Аз ҷумла, дар дарсҳои маҳорат ширкат варзида, бо ҳамсолони худ аз дигар минтақаҳо муошират менамоянд. Инчунин ба воситаи ин форум кӯдакону наврасони ин минтақаҳо бо якдигар табодули таҷрибаи эҷодӣ намуда, бо ҷойҳои ҷолиби диққати Москва ва мавзеъҳои таърихии он шинос мешаванд. Дар ҷараёни форум иштирокчиён бо шахсиятҳои барҷастаи Русия суҳбату вохӯрӣ анҷом медиҳанд»,- гуфт Комилҷон Холов.

Мавсуф иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиш- дарёфти чеҳраҳои нав аз ҳисоби кӯдакони лаёқатманд, ки дар соҳаи фарҳангу санъат қобилияти барҷаста нишон додаанд, инчунин кушодани имконоти нав барои муколамаи байнифарҳангӣ ва намоиш додани дастовардҳои фарҳанги Русия миёни хурдтарин  эҷодкорон мебошад.

Форум ба наврасон имкон фароҳам меорад, ки лоиҳаҳои эҷодии худро дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳод намоянд. Беҳтарин лоиҳа маблағгузорӣ мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram