РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Суғд: Конференсияи XV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид

23 августи соли 2022 дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд Конференсияи XV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар конфронс раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, вакилон, собиқадорон ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Ҳозирин пас аз тасдиқи ҳайати раёсат, котибот, комиссияи мандатӣ ва ҳайати таҳририя ба барррасии масъалаҳои дар рӯзномаи кори конференсия буда шурӯъ намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазхон доир ба фаъолияти  Кумитаи иҷроия дар давоми дуюним соли ахир ҳисобот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ теъдоди аъзо ба 161 ҳазору 134 нафар расида, шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ ба 1432 адад расонида шуд.

Дар идомаи кори конференсия ҳозирин ҳисоботи раиси комиссияи тафтишоти назди КИВ ҲХДТ  Шарифулло Абдуллозодаро оид ба вазъи молиявии кумиҷроия дар давраи ҳисоботӣ шуниданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар баромади худ таъкид дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи пешбар дар баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, тарғиби дастовардҳои навини соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши бузург бозида, миёни аҳли ҷомеа маҳбубияти хосро соҳиб гардидааст. Муҳимтарин нукта он аст, ки халқ ба ҳизб ҳамчун нерӯи созанда ва раҳнамо эътимод  дорад ва ба он такя мекунад. Қобили зикр аст, ки фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо роҳнамоиву дастгириҳои бевоситаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол беҳтар гардида, мақоми он миёни дигар ҳизбҳои сиёсӣ волову муассиртар гардида истодааст. Бо иштироки бевоситаи Раиси муаззами ҳизб мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Бӯстон, Исфара, Кӯҳистони Масчоҳ, Масчоҳ, мулоқоти озоду самимии Раиси ҳизб бо фаъолон ва чанд рӯз қабл дар остонаи ҷашни таърихии давлатӣ  мавриди истифода қарор гирифтани сохтмони бинои маъмурии кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии Конибодом ва Истаравшан  бозгӯи гуфтаҳои болоиянд.

Дар баромадҳои музокирачиён — раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода, устоди ДДҲБСТ Мунзифа Пӯлодова, собиқадори ҳизб Карамулло Одилов ва раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Тӯйғун Шарифзода қайд шуд, ки фаъолияти ҳизбӣ дар такя ба дастуру ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами ҲХДТ маҷрои созандагиву бунёдкориро касб намуда, дар масъалаи нуфузи ҳизб дар ҷомеа, мавқеи собиқадорону ҷавонон дар ҷодаи фаҳмонидани ғояҳои ҳизб, алалхусус роҳандозии маҳфили “Пайванди наслҳо” ва тақвияти машғулияҳои мактаби захираи кадрҳои назди КИВ ҲХДТ хеле чашмрас аст.

Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ зимни баромади худ таъкид дошт, ки Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон  чун ҳизби фардосоз дар шароити мушкили ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон ташаккул ёфта, бо саъю талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бартарафсозии буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, эҷоди низоми мукаммали давлатдории миллӣ, таъмини рушди муътадили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар байни сокинони мамлакатамон сазовори эҳтиром гардид. Аз ин рӯ, мардуми кишвар ҳамеша бо садоқат аз сиёсати ҳизб пуштибонӣ менамоянд.

Дар идома вакилон аъзои нави кумиҷроия, ҳайати нави комиссияи тафтишотиро тасдиқ намуданд.

Бо ҷонибдории вакилон рӯзноманигор Абдусабур Абдуваҳҳобов  сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ” интихоб гардид.

Бо иштироки аъзои нави кумиҷроия ҷаласаи якуми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд доир шуда, 15 нафар аъзои нави Раёсат интихоб шуданд.  Ҳамчунин Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо ризоияти роҳбарияти олии ҳизб Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Замира Мансурӣ, муовини Раиси КИВ ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб гардиданд.

Дар фароварди конференсия чанде аз фаъолони ҳизб бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ, медали ҷашнии ҳизб сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин Ваҳҳоб Набиев дар риштаи таърих ба номи профессор  Саъдулло Абдуллоев, Тоҷибой Султонӣ дар риштаи забон ва адабиёт ба номи профессор  Абдулманнони Насриддин, Ҳусейнҷон Юсупов дар риштаи санъат ба номи профессор Наим Ҳакимов ва Муродулло Почозода, дар риштаи журналистика ба номи дотсент Ҳасан Шарипов барандагони Ҷоизаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дониста шуданд. Ба онҳо шаҳодатнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram