РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Тоҷикистону Озарбойҷон рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

23 августи соли 2022 вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Халафов Халаф Алӣ Оғлу баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рафти вохӯрӣ муҳокимаи вазъи феълӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию транзитӣ, энергетикӣ, саноатӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ, илм ва маориф баргузор гардид.

Ҷонибҳо инчунин дар мавриди ҳамкории тарафайн ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ҳамаи бахшҳо, танзими сафарҳои мутақобил, инчунин коркарди абзорҳои нави равобити мутақобил табодули афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram