Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба таҷлили 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 9 сентябри соли ҷорӣ як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.
Аз соати 9 то 11 дар Боғи “Ирам” ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ зери коргардонии Қамариддин Мирзоев-саркоргардони Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Кули ҷавонон” Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертии вазорат таҳти коргардонии Баҳром Қурбонов-коргардони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии “Лола” ва ансамбли “Сомон” дар Майдончаи фарҳангии хиёбони Сино бо коргардонии Суҳроб Ҷанҷолов-Муовини директори Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Фирдавсӣ”-и пойтахт Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии “Базморо”, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Саттров ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода зери коргардонии Мирзоҷовид Маҳмадшоев-коргардони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев барномаи ҷолибу дидании ҳунариро иборат аз суруду оҳангҳои дилнишин манзури иштирокчиён, меҳмонону сокинони шаҳр мегардонанд.
Аз соати 15 то 17 дар Боғи “Ирам” Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ таҳти коргардонии Баҳром Қурбонзода-коргардони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, дар Боғи фарҳангию фароғатии “Кули ҷавонон” ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ зери коргардонии Қамариддин Мирзоев-саркоргардони Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов, Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии “Базморо”, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Саттров ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода зери коргардонии Суҳроб Ҷанҷолов-Муовини директори Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов дар Майдончаи фарҳангии хиёбони Сино, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии “Лола” ва ансамбли “Сомон” дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Фирдавсӣ”-и пойтахт таҳти коргардонии Мирзоҷовид Маҳмадшоев-коргардони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев бо барномаи ҷолибу дидании идона хотири иштирокчиён ва меҳмонони шаҳрро шод мегардонанд.