25 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.
Аз ҷумла, корманди радиои бурунмарзии “Овози тоҷик” Отабек Ғоибов бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Ин дуюмин мукофоти давлатӣ аст, ки Отабек Ғоибов барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи ВАО ва пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат қадрдонӣ мешавад. Аввалин маротиба соли 2006 ба ин рӯзноманигори шинохта Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда буд.
Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода буда, аз соли 1987 фаъолияти рӯзноманигориашро оғоз намудааст ва то имрӯз ҳамчун муҳаррири варзидаи бахши ӯзбекии радиои «Овози тоҷик» фаъолият дорад.