РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Сафири Тоҷикистон бо ҳокими вилояти Акмолаи Қазоқистон мулоқот намуд

23 августи соли 2022 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо ҳокими вилояти Акмола Ермек Маржикпаев мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои вазорат, дар вохӯрӣ доираи васеъи масъалаҳои робитаҳои дуҷониба, аҳаммияти калони ҳамкории вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Акмола, густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ, ҷалби сармояи мустақим ва имкониятҳои содиротии Тоҷикистон, ҳамкории зич бо минтақаҳои саноатӣ ва кишоварзии ҳарду ҷониб қайд гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram