РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Сафири Тоҷикистон Эрна Ҳайзерро бо 80-солагии зодрӯзаш табрик кард

23 августи соли 2022 Сафир Имомудин Сатторов хонум Эрна Ҳайзерро, ки ба синни 80-солагӣ қадам ниҳод, табрик намуд. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.

Ба иттилои манБо назардошти саҳми назарраси оҳангсоз Эрна Ҳайзер дар ташвиқи санъати миллии тоҷик дар Олмон, Имомудин Сатторов ба мавсуф номаи шодбошии Вазири фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ироа кард.

Эрна Ҳайзер ҳамзамон барои хизматҳои шоён дар муаррифии имлу фарҳанги тоҷик дар кишвари иқомат ва ҳамчун узви фаъоли Раёсати Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон бо Ифтихорномаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Эрна Ҳайзер ҳамсари оҳангсози касбии тоҷик Фирӯз Баҳор буда, шуруъ аз соли 1996 инҷониб дар Олмон умр ба сар мебарад. Номбурдагон бинобар синну солашон бознишаста буда, новобаста аз ин ба корҳои эҷодӣ машғул мебошанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram