РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

80 нафар довталаб аз Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд

Аз 15 то 18 августи соли ҷорӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» барои довталабон аз шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус радиои «Фарҳанг» бо такя ба дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар медиҳад.

Ба даври дуюми озмун 228 нафар довталабон аз рӯи номинатсияҳои навозандагӣ, сарояндагӣ ва композиторӣ баромад намуданд.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи хулосаи ҳайати ҳакамон ба даври ҷумҳуриявии озмун 80 нафар довталабони бомаҳорату соҳибистеъдод роҳхат гирифтанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки довталабон бо ҳунару истеъдоди баланди эҷодӣ баромад карда, дар иҷрои оҳангу суруд ва навохтани созҳои мусиқӣ аз худ маҳорату истеъдоди баланд нишон доданд.

Ҳайати ҳакамони озмун таҳти роҳбарии Амирбек Мусозода-оҳангсози маъруфи кишвар ба маҳорати иштирокчиён баҳогузорӣ карда, беҳтаринҳоро ба даври ниҳоӣ роҳхат доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram