РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Душанбе:“Бозиҳои XVI-уми Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ” баргузор мешавад

Аз 14 то 18 октябри соли 2022 “Бозиҳои XVI-уми Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд. Дар ин хусус радиои «Фарҳанг» бо такя ба дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар медиҳад.

Тибқи қарори Шӯрои Сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 18 декабри соли 2020, чорабинии мазкур бахшида ба эълон гардидани «Соли ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангӣ дар ИДМ» ва 20-солагии “Бозиҳои Делфийи ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” доир мешавад.

Масъули баргузории чорабинӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ буда, тартиб ва Низомномаи баргузории Бозиҳо дар сомонаи расмии Вазорат (https://vfarhang.tj/index.php/ru/deyatelnost/festival-i-konkursy) ва сомонаи Кумита (https://delphic.games) ҷой дода шудааст.

Баргузории чунин чорабинии фарҳангии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии шоистаи фарҳангу санъати миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва тарғиби беҳтарин дастовардҳои фарҳангу санъати тоҷик мусоидат хоҳад кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram