РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Дар пойтахт таҳти унвони «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» озмун баргузор мешавад

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз баргузории озмун дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ, сарояндагию овозхонӣ, баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа дар ин самтҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеър ва сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва дар ин замина эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ гузаронида мешавад.

«Озмун байни хонандагону донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии соҳаи маориф, санъат ва мусиқии ҳудуди шаҳри Душанбе, эҷодкорону ҳаваскорон ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеъа, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиндагӣ, кору фаъолият ва эҷод менамоянд баргузор карда мешавад»,- афзуд Асомиддин Бобозода.

Озмуни мазкур аз рўйи номинатсияҳои эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қироати беҳтарини шеър дар васфи пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти кишвар доир мешавад.

Озмун дар се давр баргузор гардида, моҳҳои сентябр — октябр дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, дигар ташкилоту муассиса ва корҳонаҳо, даври дуюм – нимаи дуюми моҳи октябр дар сатҳи ноҳияҳо бо иштироки ғолибони даври якум ва даври сеюм (шаҳрӣ — асосӣ) – нимаи аввали моҳи ноябр бо иштироки ғолибони даври дуюм баргузор мегардад.

Маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун нимаи дуюми моҳи ноябр ба муносибати 30-солагии баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram