Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба 90-солагии шоири халқии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар конфронс муовини раиси шаҳри Хоруғ Суризода Носир Мурод, раиси Иттифоқи нависандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Лаълҷубаи Мирзоҳасан шоирону нависандагон , омӯзгорон собиқадорон ширкат варзиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Мақсад аз баргузории конфронс эҳтиром ба эҷодиёти шоирони муосири тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди насли ҷавон арзёбӣ карда шуд. Муовини раиси шаҳри Хоруғ кори конфронсро оғоз намуда , иброз дошт ки устод Муъмин Қаноат яке аз шоирони муваффақ буд, ки бо эҷодиёти бузург, ақидаҳои пок ва бо достонҳои дилфиребаш ба инсон рӯҳу тавон ва илҳоми тоза бахшид. Ин шахси нотакрор ба хотири муаррифии адабиёти навини тоҷикон хизматҳои шоён намудаанд.
Раиси иттифоқи нависандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Лаълҷубаи Мирзоҳасан зимни баромад қайд намуд, ки эҷодиёти шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат саршор аз муҳаббат ва ҳақиқат аст ва дар кишвари маҳбубамон эҷодиёташ шинохта аст ва маҳбубияти шоиста дорад.
Ҷангибек Улфатшоҳ мудири шуъбаи рӯзномаи » Бадахшон » қайд намуд , ки устод Муъмин Қаноат аз шаҳсутуни адабиёти муосири тоҷик дониста мешавад ва ин ҳақиқат аст. Солҳои 60- 70 — уми асри гузашта ин шоири шинохта дар таҳаввули адабиёти навин хидмати бесобиқа анҷом додааст. Муъмин Қаноат тавонист ба шеър аз нигоҳи сабку услуб ва сохтори он бо мазмуну моҳият навгониҳои бисёреро ворид созад .
Бояд ёдовар шуд, ки дар кори ҳамоиш профессорону олимони ДДХ аз ҷумла муовини ректор оид ба Аҳмадзода Баҳромҷон, Ҷумъа Беҳронов ва Охониёзов Қосим ходими калони шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмҳои гуманитарӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ аз зиндагиномаи шоир ёдоварӣ намуданд. Ҳамзамон хеши наздики пайвандони Шоири зиндаёд Муъмин Қаноат Сироншои Диловар сухан намуда, миннатдории самимии худро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо мақсади ёди хотираи неки шоир баён намуданд.