РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Ғолибони Озмуни «Ҳунарманди сол» қадрдонӣ шуданд

26 август дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ озмуни «Ҳунарманди сол» аз рӯи 6 номина: кандакорӣ-дуредгарӣ, дӯзандагӣ, наққошӣ-рассомӣ, кулолгарӣ-аъҷубасозӣ, бофандагӣ ва коркарди металл миёни чор ноҳияи шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд. 

Озмуни мазкур дар асоси Барномаи рушди ҳунармандӣ барои солҳои 2021-2025 ва ба истиқболи 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, ки ҳадаф аз он бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.

Дар ҳамоиш роҳбарияту намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо ва ҳунармандони соҳибтаҷриба аз чор ноҳияи пойтахт иштирок намуданд.


Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода иброз намуд, ки мақсади баргузории фестивал баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, қадру манзалати ҳунари миллӣ, рушди ҳунарҳои миллӣ дар пойтахт, инчунин муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Нахуст меҳмонону иштирокчиёни озмун аз номоиши ҳунари ҳунармандони соҳибзавқу ботаҷрибаи чор ноҳияи пойтахт, ки дар даромадгоҳи Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуда, ба ҳунари воло ва дастранҷи онҳо баҳои баланд доданд.

Сипас дар фазои тантанавӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуни «Ҳунарманди сол» аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо диплому сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram