Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо бо мақсади шиносоӣ ва омодагиҳо ба соли нави хониш ва истиқболи 31-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, корҳои ободсозию бунёдкорӣ аз як қатор муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва тиббии ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз дидан намуд. Дар ин аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.
Манучеҳр Шарифзода зимни боздид аз синфхонаҳои таълимӣ, эҷодӣ, китобхонаҳо, сатҳу сифат, шароитҳои мавҷуда, камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, ҷиҳати омодагиҳо ба соли нави хониш ва ҷашни Истиқлоли давлатӣ, ободу зебо гардонидани гирду атрофи таълимгоҳҳо шинос гардида, ба масъулин ҷиҳати иҷрои камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.