РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

АМИТ: Рӯзи дарҳои кушод баргузор мегардад

25 сентябр барои ҷалби хонандагони синфҳои 7-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номнавис гардидани хонандагон ба бахшҳои мушаххаси фаннии Академияи хурди илмҳо Рӯзи дарҳои кушодаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин бора аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар Рӯзи дарҳои кушода аъзои Раёсати Академия, директорони институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, устодони бахшҳои тахассусӣ ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи умумӣ иштирок менамоянд.

Дар ин рӯз хонандагони синфҳои аз 7 то 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, метавонанд ихтисосҳои барои худашон мувофиқро озодона интихоб намуда, савия ва донишашонро бо ёрии олимони институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академия илмҳо такмил диҳанд.

Дар доираи Академияи хурди илмҳо мактаббачагони болаёқат имконият доранд дар сессияҳои зимистона ва тобистонаи Академияи хурди илмҳо иштирок намуда, баъди натиҷагирии ҳакамон бо ифтихорнома ва дипломҳо сазовор гарданд. Ҳамчунин дар сессияи баҳоронаи Академияи хурди илмҳо беҳтарин мактаббачагон метавонанд чун узви  вобаста ва узви ҳақиқии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 24 муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ бо зиёда аз 2000 корманд фаъолият менамоянд. Хонандагон метавонанд худро дар бахшҳои зерин: математика, информатика, астрофизика, физика, химия, гидрохимия, биология, иқтисодиёт, тиб, таърих ва бостоншиносӣ, генетика, география, экология ва  ғайра номнавис намоянд.

Ҳадаф аз ҷалби наврасон ба чорабиниҳои Академияи хурди илмҳо, қабл аз ҳама, ошкор намудани нафарони боистеъдод миёни ин қишри ҷомеа мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram