РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Данғара: корҳои созандагӣ дар Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявӣ бомаром ҷараён дорад

Ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара корҳои созандагӣ, ободонӣ ва кабудизоркуниро ба роҳ монда, ҷиҳати ҷалб намудани ташрифи меҳмонони дохилию хориҷӣ ба муассиса тадбирҳои муҳимму саривақдиро роҳандозӣ менамояд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, аз 20 то 28 августи соли равон дар асоси нақшаи ташкил ва баргузории корҳои ободонӣ аз ҷониби маъмурияти муассиса ҳашари дастаҷаона баргузор гардид, ки кормандон бо руҳияи болидаву созандагӣ дар ин ҳашар иштирок намуданд.
Дохили бино ва гирду атрофи Осорхона рангу бор шуда, гушаҳои муассиса бо диди нав таҷдид мегардад.

Дар гирду атрофи бино зиёда аз 2500 адад гулҳои ороишӣ шинонда шуда, пайваста ҷиҳати сабзкорӣ ва ободу зебо гардонидани осорхона корҳои кабудизоркунӣ анҷом дода мешавад.

Осорхона дар оянда низ корҳои ободониро идома дода, ба истиқболи фархундаи ҷашни Истиқлоли миллӣ ва қабули меҳмонони дохилию хориҷӣ ҳамаҷониба омодагӣ мебинад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram