РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Тоҷикфилм: “Маҷмуаи тиллоии филмҳо” омода шуд


Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хотири манзури алоқамандони синамо намудан ва ҳифзу пойдории филмҳои классикии тоҷик “Маҷмуаи тиллоии филмҳо”-ро омода намуд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар доданд.


Маҷмуаи тиллоӣ филмҳои ҳунарии классикаи кинои тоҷик, ки сароғози пайдоиши синамои миллӣ мебошанд, дар бар мегирад.
Филми ҳунарии беовози “Муҳоҷир”, ки соли 1934 бо коргардонии асосгузори синамои миллӣ Комил Ёрматов рӯйи навор омадааст, “Маҷмуаи тиллоии филмҳо”-ро ҳусни оғоз бахшидааст.
Сухани пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Маҷмуаи тиллоии филмҳо”-ро зиннат дода, мазмуну мундариҷаи онро басо ҷолибу рангин намудааст.
Ҳамин тавр, филмҳои ҳунарии “Дӯстон боз вомехӯранд”, “Дохунда”, “Фарзанди Тоҷикистон”, “Ман бо духтаре вохӯрдам”, “Мансаби баланд”, “Чароғаке дар куҳҳо”, “Қисмати шоир”, “Одам пӯсташро иваз мекунад”, “Насруддин дар Хуҷанд”, “Писарро бояд зан дод”, “Амалиёти “Кобра”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Ливои оҳангар”, “Зумрат”, “Шефтаҳо”, “Оромӣ намешавад”, “Бачаҳои Помир”, “Дӯст медорад ё на”, “Замони осоишта”, “Ҳасани аробакаш”, “Дирӯз ва имрӯз”, “Ниссо”, “Марги судхӯр”, “12 қабри Хоҷа Насруддин”, “Одами даркорӣ”, “Хокистари сӯзон”, “Хиёнат”, “Бо амри дил”, “Тобистони соли 1943”, “Муҳаббат ба куҳҳо”, “Рояли сафед”, “Вохӯрӣ дар назди масҷиди кӯҳна”, “Достони Рустам”, “Духтари сеюм”, “Қиссаи зиндони Павиак”, “Ҷӯра -саркор”, “Рустам ва Суҳроб”, “Минтақаи парвоз”, “Ситорае дар тирашаб”, “Чоркас аз Чорсанг”, “Салом, одами меҳрубон”, “Асрори пайроҳаи гумшуда”, “Бофандаҳо”, “Истгоҳи кӯҳӣ”, “Як умр кам аст”, “Бабр лозим аст”, “Вохӯриҳои кӯтоҳ ҳангоми ҷанги тӯлонӣ”, “Субҳи Ганг”, “Асрори оилаи ғаюровҳо”, “Достони Сиёвуш”, “Ҳафт домоди дуздидашуда”, “Ба Трускаветс кӣ меравад?”, “Боре дар синфи якум”, “Ишқи нахустини Насруддин”, “Хушбахтӣ наздик аст”, “Зане аз диёри дур”, “Одам пусташро иваз мекунад”, “Ошпаз ва сароянда”, “Як тиру ду нишон”, “Имрӯз ва ҳамарӯз”, “Аспҳои зери моҳтобшаб”, “Субҳи нахустини ҷавонӣ”, “Вохӯрӣ дар дараи марг”, “Минтақаи назоратӣ”, “Давиш”, “Ҷинояткор ва адвокатҳо”, “Марди роҳ”, “Боздошт”, “Ҳангоми туманҳои зимистона”, “Агар дӯст дорӣ”, “Гарвгон”, “Дар ағба напарронед”, “Асрори оила”, “Бубину ҳаловат бар”, “Саргузашти Муки хурдакак”, “Ба дӯстон хиёнат намекунанд”, “Боз як шаби Шаҳризода”, “Мухотаб: “Қулла”, “Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар”, “Дом барои шағолон”, “Чашмаи гӯё”, “Қиссаҳои нави Шаҳризода”, “Дарвеши ланг”, “Салом, Гулнора Раҳимовна”, “Қатораи иловагӣ бо роҳи дуюм мерасад”, “Гулдухтарони “Суғдиён”, “Шаби охири Шаҳризода”, “Воқеа дар фурудгоҳ”, “Изи динозавр ба куҷо мебарад”, “Дарди ишқ”. “Марди мутааллиқи ду зан”, “Бародар”, “Бухорои шариф”, “Ситораҳои сари танӯр”, “Ашк ва шамшер”, “Туҳмат”, “Асрори Нуҳ пайғамбар”, “Интиқомҷӯйи хурдакак”, “Муҷассамаи ишқ” бо шаклу сифати баланд дар “Маҷмуаи тиллоӣ” гирдоварӣ гардидаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram