Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” базшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи тартиби муқарраргардида дар саросари мамлакат ҷараён дорад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.
Даври дуюми озмун аз 25 июл оғоз гардида, то 18 августи соли 2022 дар марказҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Ҳисор, ноҳияи Рашт) бо доварии ҳайати ҳакамони ҷумҳуриявӣ бомуваффақият ҷамъбаст гардид.
Ёдовар мешавем, ки аз 1323 нафар довталаб, ки дар даври дуюм ширкат варзиданд, 316 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ин теъдод 167 сароянда, 131 навозанда ва 18 композитор (оҳангсоз) мебошанд.
Тибқи тақсимоти синусолӣ, ки дар Низомнома муқаррар гардидааст, дар даври ниҳоӣ аз 12 то 17 сола 143 нафар ва аз 18 то 40 сола 173 нафар иштирок менамоянд.
Аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз 168 нафар 51 нафар, вилояти Хатлон аз 497 довталаб 81 нафар, вилояти Суғд аз 185 довталаб 57 нафар, шаҳри Душанбе аз 228 довталаб 80 нафар ва аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 245 довталаб (минтақаи Рашт 21, водии Ҳисор 26 нафар) 47 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.
Даври ниҳоии озмун аз 18 то 23 октябри соли ҷорӣ аз рӯи номинатсияҳои дар Низомнома дарҷгардида баргузор шуда, омодагиҳо ба гала-консерт аз 24 то 27 октябрдоир мегардад.
Маросими супоридани мукофоту ҷоизаҳо ба ғолибони даври ниҳоии озмун ва гала-консерт 28 октябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор мешавад.