РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Ҳамадонӣ: таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ дар таълиму тарбияи насли наврас» семинар-тренинг баргузор шуд

Кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар” бо роҳбарии директори муассиса Сафарзода Ҳусайн тибқи нақшаи тасдиқгардида аз 25 то 28 августи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон семинар-тренингро дар мавзуи “Нақши китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ дар таълиму тарбияи насли наврас” ба кулли кормандони системаи китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳия баргузор намуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ноҳия 1 Китобхонаи марказӣ, 1 Китобхонаи бачагона ва 17 Китобхона-филиалҳо фаъолият мекунанд.

Аксари китобдорони китобхонаҳо бо маълумоти миёна ва олии тахассусӣ кору фаъолият намуда, рафҳои китобхонаҳо аз китобҳо пур буда, нигаҳдорӣ ва ҷобаҷогузории адабиётҳо мувофиқи талаботи соҳаи китобдорӣ ба роҳ монда шудаанд.

Дар оғози семинар зиёда аз 50 китобу дастурҳо аз ҷониби кормандони Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар, ки тӯли солҳои шуногун таҳия гардидаанд, ба иштирокчиёни семинар муаррифӣ ва ба китобхонаҳои ноҳия ройгон тақдим гардид.

Зимни баргузории семинар тибқи барнома дар мавзуҳои гуногун баромадҳо сурат гирифта, мудири шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар Азизова Гулнора атрофи фаъолияти шуъбаи пурракунӣ суханронӣ намуд.

Сарбиблиографи шуъбаи илмӣ-методӣ ва маълумотдиҳию библиографӣ Мирзоева Лайлӣ дар мавзуи “Этикаи касбии китобдор” бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад кард.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар махзани китобхонаҳои ноҳия ва филиалҳои он зиёда аз 101506 нусха адабиёт бо забони тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ маҳфуз мебошад, ки ҳамарӯза муштариёну дӯстодори китоб аз он истифода мебаранд.

Муддати чор рӯз бо китобдорони китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи мазкур суҳбату вохӯриҳои самимӣ баргузор шуд, ки аз ин суҳбатҳо китобдорон барои пешбурди кори китобдорӣ, ҷалби бештари муштариён ба китобхонӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳангу маънавиёти кӯдакону наврасон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram