РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Новосибирск Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд

30 августи соли 2022 Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази фарҳангӣ ва истироҳатии “Победа”-и Новосибирск чорабинии идона баргузор намуд. Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Дар ин чорабинӣ Муовини аввали раиси шаҳри Новосибирск Захаров Геннадий Павлович, намояндагони сохторҳои давлатӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии дар Новосибирск аккредитатсияшуда, зиёиён, васоити ахбори омма, инчунин намояндагони диаспораи тоҷик, донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар минтақа таҳсил ва зиндагӣ мекунанд ширкат варзиданд.

Дар суханронии ифтитоҳии худ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Давлатхоҷа Ятим ҳозиринро шодбош гуфта, аз нақши ҳалкунандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ноил шудан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувор, инчунин барқарор ва таҳкими робита бо ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуд.

Сипас, муовини якуми раиси шаҳри Новосибирск Захаров Г.П. мардуми тоҷикро бо рӯзи Истиқлолият намуда, ба комёбиҳо ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёд ва таҳкими давлатдорӣ баҳои баланд дод.

Намоишгоҳи аксҳо аз дастовардҳои даврони истиқлолият манзури меҳмонон гардонида шуд, ки ҳозиринро бо дастовардҳои кишвар дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳанг, варзиш ва маориф, инчунин маводи таблиғотӣ оид ба табиати беназир ва иқтидори сайёҳии Тоҷикистон ошно менамуд.

Чорабинии мазкур бо консерти ҷашнӣ ва намоиши рақсҳои миллӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram