РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Суғд: Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводди озуқаворӣ баргузор шуд

Имрӯз ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба муносибати 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ярмаркаи мазкур дар ин мавзеъ ҳамарӯза то санаи 9.09.2022 баргузор мегардад.

Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилоят баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум бо нархҳои дастрас тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда мешавад, то барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад.

Дар ярмарка маҷмуъан кишоварзони вилоят беш аз 200 тонна маҳсулотро бо нархҳои нисбат ба бозор то 30 дарсад арзон ба харидорон пешниҳод намуданд.

Мардум аз ин фаровонии ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ изҳорӣ хушнудӣ намуда, ба ташкилкунандагони он арзи сипос намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ба истиқболи солгарди Истиқлоли давлатӣ дар дигар шаҳрҳои вилоят низ чунин ярмаркаҳо ташкил карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram