РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Хуҷанд: Ба сохтмони бинои нави таълимии  Факултети №4 Академияи ВКД санги асос гузошта шуд

Бо мақсади таҷлили шоистаи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои бунёдкориву созандагӣ бомаром идома дорад. Дар ин радиф дар ҳудуди бинои маъмурии Факултети №4 Академияи ВКД, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бинои нав бо тарҳи замонавӣ қомат хоҳад афрохт. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Вазири корҳои дохилии мамлакат генерал-майори милитсия Саиднахш Раҳмонзода, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва ҳайати омӯзгорону курсантони муассисаи олии таълимӣ дар макони сохташавандаи иншоот маросими гузоштани санги асос баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари лоиҳа Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, бинои маъмурии сохташаванда аз таҳхона ва шаш ошёна иборат ва дар он тамоми инфрасохтори зарӯрӣ дар назар дошта шудааст. Дар бинои мазкур ошхона, хобгоҳ, 17 синфхонаи таълимӣ, маҷлисгоҳ барои 500 нафар, утоқҳои корӣ пешбинӣ гардидааст. Интизор меравад, ки иншооти мазкур дар моҳи сентябри соли 2023 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини сохтмон дастур дод, ки корҳо босифат ва дар муҳлати муайяншуда анҷом дода шавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram