РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Рӯзи Истиқлоли давлатӣ таҷлил шуд

3 сентябри соли 2022 ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, чорабинии идонаро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, аз дастовардҳои кишвар дар даврони Истиқлолият ва саҳми назарраси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ таъкид намуд.

Ба ҷамъомад ҳунармандони Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ” бо баромадҳои гуногунранг ва дилчасп фазои идона бахшиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram