РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба чемпиони ҷаҳон Эмомалии Нуралӣ хонаи 2 ҳуҷрагӣ тақдим намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ варзишгари ҷавон — дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе, чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон Эмомалии Нуралиро ба ҳузур пазируфтанд.

Раиси шаҳри Душанбе, Эмомалии Нуралиро, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини дзюдо байни ҷавонон, иштирок карда медали тиллоро соҳиб гашта, парчами Тоҷикистонро баланд бардошт, таҳният гуфт.

Ҳамчун нишони қадрдонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе, ба чемпиони ҷаҳон калиди хонаи 2 ҳуҷрагиро бо тамоми шароити рӯзгор дар пойтахт тақдим намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки аз 07 то 12 августи ҷорӣ дар шаҳри Гуайкили Экводор Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини дзюдо байни ҷавонон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 373 варзишгар аз 63 давлати дунё иштирок намуданд. Эмомалии Нуралӣ дар ин мусобиқаи бонуфуз дар вазни 66 кг тавонист ҳамаи ҳарифони худро шикаст диҳад ва унвони чемпиони ҷаҳонро соҳиб гардад.

Раиси шаҳри Душанбе ба варзишгар дар мусобиқаҳои оянда барору музаффарият таманно намуда, иброз намуданд, ки ҷавонони бо нангу номус муаррифгар ва номбардори ватани хеш маҳсуб меёбанд ва ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами Миллат қарор доранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram