Бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофоти давлатӣ ва ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.
Ба ин муносибат рӯзи 5 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Мушовири калони ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ Давлатзода Музаффар Салим, кормандони вазорат ва муассисаҳои тобеъ маросими мукофотсупорӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа Вазири фарҳанг Давлатзода Зулфия Давлат ҳамаи он каормандонеро ки ба мукофоти давлатии медали “Хизмати шоиста” ва ифтихорнома сарфароз гардидаанд, табрику шодбош гуфта, дар иҷрои вазифа ва фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳо таманно намуд.
Вазири фарҳанг аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, қайд кард, ки маҳз бо таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти мамлакат ҳамасола кормандони соҳаи фарҳанг дар қатори дигар соҳаҳо бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ қадрдонӣ мегарданд, ки ин аз соҳибхирадӣ, фарҳангдӯстию маърифатпарварии Пешвои муаззами миллат шаҳодат медиҳанд. Мо кормандони соҳаи фарҳангро зарур аст, дар ҷавоби ин ғамхориҳо пайваста ва ҳамаҷониба кору фаъолият намуда, барои пешрафти фарҳангу санъати Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузорем.
Сипас, Давлатзода Музаффар Салим кормандони соҳаи фарҳангро бо 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ва сарфароз гардидани зиёда аз 14 нафар бо мукофоти давлатӣ табрику шодбош гуфта, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба қадрдонӣ бо медали “Хизмати шоиста” ва ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат кард ва дар фазои тантанавӣ тақдим намуд.