РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Ғолибони озмуни»Дунёи рангини кӯдакон» қадрдонӣ шуданд

Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳои давраи таътили тобистона бо нишондоди Раёсати маорифи вилоят бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав, рушди малакаву маҳорат ва қобилияти зеҳнӣ инчунин самаранок истифода намудани давраи таътили тобистона озмуни фосилавии «Дунёи рангини кӯдакон»-ро эълон намуда буд.

Озмуни мазкур байни ду категорияи синнусолӣ: кӯдакони синни хурдсоли мактабӣ синфҳои 1-4 ва хонандагони синфҳои 5-9 аз рӯи шартҳои видеоролики беҳтарин, акси беҳтарин, расми беҳтарин ва эссе дар мавзуъҳои «Чӣ тавр ман давраи таътилро сипарӣ намуда истодаам», «Мо — кӯдакони насли хушбахти Истиқлол», «Истеъдоди ман», «Дар оғӯши табиати биҳиштосои диёр», «Машғулиятҳои муфиди ман дар давраи таътил», «Китоб — маъвои хирад» баргузор гардид.

Тӯли 2 моҳ аз ҷониби хонандагон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, почтаи электронӣ ба кумитаи тадорукоти озмун дар номинатисияи расми беҳтарин — 500 расм, акси беҳтарин — беш аз 700 аксҳои ҷолиб, 40 видеоролик ва 800 эссе пешниҳод гардид.

Дар умум дар озмуни мазкур беш аз 3 ҳазор хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аъзоёни маҳфилҳои Марказҳои таҳсилоти иловагӣ фаъолона иштирок намуданд. Хонандагон бо ин васила аз давраи таътили тобистона худ ба ҳамсолон гузоришҳоро дар шакли хаттӣ, видео ва расм пешниҳод намуда, беҳтарин корҳо то анҷоми озмун давра ба давра дар саҳифаи расмии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд муаррифӣ карда шуда, ҳаводорони зиёдеро пайдо намуд.

Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун аз сабаби зиёд будани теъдоди иштирокчӣ Кумитаи тадорукоти озмуни мазкур 70 нафар беҳтаринҳоро муайян намуд ва онҳо расман ғолиби озмун ҳисобида шуданд.

Маросими қадршиносии ғолибони озмун рӯзҳои наздик бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Маъмурияти Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ғолибонро сидқан табрик намуда, дар ҷодаи таҳсил ба хонандагон барору комёбиҳо таманно менамояд.

Дар оянда низ бо ҳимояти Раёсати маорифи вилояти Суғд Маркази таҳсилоти иловагии вилоят баргузории чунин озмунҳоро ба хотири дарёфти истеъдодҳои нав ба роҳ мемонад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram