РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиш-фурӯши китоб баргузор шуд

5 сентябр дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиш-фурӯши китоб баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, намоишгоҳи мазкур ба истиқболи 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи китоб, ки дар Тоҷикистон ҳамасола 4 сентябр таҷлил мешавад, доир шуд.

Зимни баргузории намоиш Раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло, инчунин дӯстдорони китоб иштирок намуданд.

Намоиш-фурӯши китоб дар асоси «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ташкил шудааст. Ҳадафи он дар доираи ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2022», ки аз ҷониби корхонаи Сарраёсати давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ амалӣ мегардад, пурра намудани махзани  китобхонаҳо бо асарҳои чопшуда мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram