РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

ДДТТ: 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил шуд

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати 31 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ректори донишгоҳ ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёнро ба ифтихори ин ҷашни муқаддаси миллӣ, ки дастоварди муҳимтарини кишвар маҳсуб меёбад, табрику таҳният гуфта, зикр кард, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ дар асоси сиёсати маорифпарварона ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду муваффақиятҳои арзанда ноил гардид. Хайрулло Назарзода инчунин, иброз дошт, ки истиқлолияти комили сиёсиву фарҳангии кишвар ҳамчун рукни муҳимми давлатдории миллӣ нишонаи ҳастии миллат, далели рушди муназзами забони давлатӣ ва илму маорифи мамлакат ба ҳисоб меравад.

Сипас аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба як гурӯҳ омӯзгорону кормандон нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ супорида шуд.

Дар қисми фарҳангии ҷамъомад барномаи омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам” ва хонандагони литсейи донишгоҳ, ки аз сурудҳо дар васфи истиқлолият, модар, ватан ва рақсҳои ҷолиб иборат буданд, ба ин маҳфили бошукӯҳ зебоию таровати тоза зам намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram