РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Истиқлолияти давлатӣ ва дипломатияи фарҳангӣ

Истиқлолу озодӣ неъмати бебаҳо буда, барои ҳар як миллати тамаддунсоз роҳи тараққиётро боз менамояд ва ҷиҳати рушди бемайлони он шароити мусоид фароҳам меоварад.

Тоҷикистони азизи моро низ солҳои аввали асри бист ин неъмати бемисл насиб гашт ва мо бо баракати он шаҳди озодиро чашида, дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари соҳибихтиёр ва ягона шинохта шудем. Дар ин замина нахуст рамзҳои давлатии мамлакатамонро интихоб кардем, сохтори давлатдориамонро муайян намуда, минбаъд барои пешрафти Ватани маҳбубамон заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё кардем. Бояд гуфт, ки давраи мазкур марҳилаи ниҳоят пурпечутоб ва мушкили сиёсиву иқтисодӣ ба шумор рафта, аҳли ҷомеа бо сабру таҳаммул ва иродаи мустаҳкам онро паси сар карданд ва ба рӯзҳои неку шоиста расиданд. Ин дастовардҳои бесобиқа пеш аз ҳама аз бузургиву хиради азалии халқи тоҷик ва раҳнамоиву роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Мардуми бонангу боиродаи тоҷик, ки солҳои зиёд Истиқлоли миллии хешро аз даст дода буданд, бо расидани насими форами озодӣ дар худ қувваи нав эҳсос карда, ин неъмати бебаҳоро ҷузъи сарнавишти худ донистанд ва онро бо рӯҳбаландӣ пазируфта, якдилона барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ камари ҳиммат бастанд. Дар ин марҳилаи ҳассос барои халқи азиятдида, ки заҷри таърихро борҳо чашида буд, расидан ба истиқлол шарафи бузург маҳсуб меёфт ва аксарият ба ҳифзу ҳимояи он бархостанд ва ба нигаҳбонии ин арзиши муҳим талош карданд. Ба ин хотир Кониститутсияи давлати мустақилро тариқи интихоботи умумихалқӣ қабул карданд. Мардум ин рӯйдоди таърихиро низ ба хубӣ пазируфт ва дар асоси он барои таҳкими сохтори давлати нав боз ҳам муттаҳид гашт. Баробари ин барои аз худ дур кардани неруҳои аҳриманӣ бо ҳам омаданд ва қаламравашонро аз нопокон тоза намуда, барои бунёди як ҷомеаи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба корҳои дастаҷамъӣ шурӯъ карданд.

Дар идомаи ин иқдоми бузургу шоиста тариқи интихоби умумихалқӣ ба сифати сарвари ояндаи худ Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд ва зимоми роҳбарӣ ва сарварии давлатро бар уҳдаи ин ҷавони ояндасоз, ватандӯст ва дурбину халқпарвар вогузор карданд. Бешак, халқи тоҷик якҷо бо Сарвари дурандеши хеш дар пайи ободии Ватан шуданд ва дар зарфи сиву як соли соҳибистиқлолӣ ҳар як гӯшаи онро ба гулистон табдил доданд.

Дар замони Истиқлоли миллӣ халқи заҳматкаши тоҷик бо роҳбарии Сарвари оқилу хирадманд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро паси сар карда, роҳҳо ва нақбҳо бунёд карданд, манзилу маконҳои аз даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ валангоршударо обод намуданд, мактабу марказҳои фарҳангӣ бунёд сохтанд, барои солимии мардум беморхонаву дармонгоҳҳои нав обод карданд, суннату анъанаҳои миллии хешро аз нав эҳё намуданд. Ба ҷашнҳои миллии хеш, мисли Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон арҷ гузоштанд ва суннатҳои фарҳангӣ, аз қабили Шашмақом ва Фалакро умри дубора бахшиданд ва бо меҳнатдустӣ, фарҳангпарварӣ дар минтақа ва ҷаҳон шуҳрат пайдо карданд.

Дар таҳкими Истиқлоли миллӣ ва рушди Тоҷикистони азиз хидмати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад. Вай аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан тамоми қувва ва нерӯи хешро баҳри оромӣ ва осоиштагии кишвари маҳбуб сарф карда, дар як муддати кутоҳи таърихӣ барои расидан ба исқрори сулҳ талошҳои зиёд намуд ва ҷони ҷавони хешро дар хатар монда, ба маҳалҳои даргири ҷанг сафар кард, бо сарбозон вохӯрӣ намуд ва онҳоро бовар кунонид, ки ояндаи кишвараш дурахшон аст ва ба зиракиву ҳушёрии сарбозони Ватандӯсташ сахт вобаста мебошад. Дар баробари ҳалли мушкилоти зиёди ҷойдоштаи кишвараш ба давлатҳои ҳамсоя ва дуру наздик сафар карданд ва масъалаи сулҳи тоҷиконро матраҳ намуда, роҳҳои ба эътидол овардани мамлакатро дарёфт намуданд. Ба ғайр аз ин бо баъзе намояндагони мухолифин мулоқот карда, шеваи расидан ба сулҳро баррасӣ намуданд ва аз музокирот наҳаросида, ҳар як пешниҳодро бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ намуда, роҳи расидан ба оштии миллиро наздик карданд. Ҳамин талошу кӯшишҳои пай дар пай имкон дод, ки 27 июни соли 1997 Сарвари давалат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро бо Иттиҳоди мухолифин ба имзо расонад ва яке аз мушкилоти сиёсии кишварро ба таври шоиста ҳал созад.

Ин марҳиларо дар ҷумҳурӣ давраи гардиши куллӣ дар низоми сиёсӣ донистан мумкин аст. Бо ба имзои расидани созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ вазъи сиёсӣ дар кишвар ба куллӣ тағйир ёфт ва авзои ҷомеа ба эътидол омада, бародаркӯшӣ дар мамлакат қатъ гардид ва бисёри масъалаҳои сиёсӣ бо роҳи осоишта ҳалли худро пайдо карданд, ки боиси созандагӣ ва бунёдкорӣ дар кишвар гардид.

Бо таъмин гардидани сулҳи сартосарӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониро дар дохили мамлакат оғоз карда, барои рафъи мушкилоти ҷойдошта ва бартараф кардани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти иқтисодӣ саъйю талоши бештарро шурӯъ карданд. Ҳамзамон ҷиҳати гирифтани қарзҳои имтиёзнок кӯшиш карда, бо шарикони рушд вохӯриву мулоқот доир намуданд ва аввалин маблағҳои пайдошударо барои бартараф кардани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ равона намуданд. Пас аз ин бо саъйю талошҳои бевоситаи ӯ дар асоси санадҳои зарурӣ барои Тоҷикистон грант ва қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардид, ки онҳо барои ҳалли проблемаҳои ҷойдоштаи соҳаҳои мухталлифи иқтисоди миллии кишвар равона гардиданд. Ҳамин ҳамкории судманд бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ имкон дод, ки Тоҷикистон марҳила ба марҳила камбудиҳои ҷойдоштаро ҳал намояд ва вазъи фазои сармоягузориро дар ҷумҳурӣ беҳтар карда, Буҷети давлатиро бой гардонад.

Баъди расидан ба ин ҳадафҳои собитқадамона зарурияти қабули барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо ва консепсияҳои мукаммал пеш омад.

Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони ҳар як соҳа супориш доданд, ки якҷо бо мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя ва пешқадамро омӯхта, барномаҳои мукаммали соҳавиро таҳияву омода намоянд ва барои баррасию тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созанд. Ҳамин ибтикори ватандӯстонаи Сарвари давлат имкон дод, ки дар аксари соҳаҳои иқтисоди миллӣ санадҳои зарурӣ қабул шуданд ва роҳҳои рушди мамлакат боз ҳам васеъ гардиданд.

Дар ибтидои ин корҳои ватандӯстона баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаврӣ аз ҳадафҳои аввалиндариҷаи Ҳукумат ва Сарвари он, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёфт. Вай бо ин мақсад барномаҳои алоҳидаи давлатӣ қабул карда, дар як давраи муайян иҷрои онҳоро дар кишвар ҷиддӣ назорат намуд. Махсусан, бунёди нақбҳову пулҳои замонавӣ ва роҳҳои ба талаботи замон мувофиқ имкон фароҳам овард, ки миёни минтақаҳои Тоҷикистон чаҳор фасли сол алоқа барқарор гардад ва молу маҳсулоти мардум беталаф ва сари вақт ба соҳибонашон расонида шавад. Ҳамзамон барои баромадан ба роҳҳои байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам омад. Ҳамин боис шуд, ки гардиши молу маҳсулоти ватанӣ ва хориҷӣ дар мамлакат дучанд афзун гардад ва иқтисодиёт ба маротиб пеш равад. Бо ин восита Сарвари давлат масъалаи ниҳоят муҳим, пайванд шудан ба роҳҳои транзистиро низ ҳал карда, давлатро аз мушкилоти коммуникатсионӣ раҳоӣ дод ва вазъи боркашонӣ ва ҳамлу нақли молу маҳсулотро тавассути кишвар ба хориҷа ва аз хориҷ ба мамлакат ба куллӣ тағйир ёфт. Ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ марҳилаи нави пешрафт ва тараққиёт дар давраи соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.

Дар солҳои навадуми қарни гузашта ва ибтидои солҳои аввали асри нав вазъи таъминоти аҳолӣ ба барқ яке аз мушкилоти аввалиндараҷа ба шумор мерафт ва соҳаҳои афзалиятнок ба бӯҳрони энергетикӣ рӯ ба рӯ шуда буд. Бо мақсади бартараф кардани ин камбудиҳо ва муҳиммияти масъала муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шарикони рушд мулоқот карда, барои раҳои кишвар аз ин буҳрони иқтисодӣ иқдомҳои саривақтӣ гирифт ва ба сохтмони неругоҳҳои хурду миёна, бунёди неругоҳи барқиву обии Сангтуда-1 ва Сангтуда-2, таъмиру азнавсозии неругоҳҳои куҳна ва аз ҳама муҳим оғози сохтмони неругоҳи Роғун камари ҳиммат баст ва дар як марҳилаи кӯттоҳ на танҳо қисме аз ин иншоотҳоро бо заҳмати шабонарӯзии коргарону муҳандисони тоҷику хориҷӣ аз нав бунёд кард, балки ду агрегати неругоҳи барқию обии Роғунро ба исифода дода, аҳолии кишвар ва соҳаҳои ҳаётан муҳимро бо барқи арзон таъмин намуд ва ҳамзамон барои дастгирӣ ва кумак як қисми барқро ба ҳамсоягон таҳвил карда, ба Буҷети давлат маблағи иловагӣ замъ намуд. Ин марҳилаи тақдирсоз имкон дод, ки Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои тавлидкунандаи барқи арзон ва босифат табдил ёбад ва барои рушди минбаъдаи кишвар роҳи васеъ боз гардад. Энергияи сабз омили пешрафти иқтисоди сабз дар кишвар шуд ва барои бунёди корхонаву коргоҳои саноативу тавлидӣ заминаи мусоид фароҳам омад.

Масъалаи дигаре, ки бо саъйю кӯшиши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳал гардид ва боиси таҳаввули пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҷомеа гардид, таъмини аҳолӣ ба озуқаворӣ мебошад. Ин буҳрони иҷтимоӣ ба тамоми ҷомеа таъсири амиқ расонида, мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд оварда буд. Барои раҳоии аҳолӣ аз нарасидани маводи ғизоӣ Роҳбари давлат як қисми заминҳоро ба мардум тақсим намуд ва барои васеъ намудани майдонҳои кишт, обёрӣ кардани заминҳои ташналабу бекорхобида, таъмиру тармими каналу заҳбурҳо ва насосҳои обкаш, инчунин масъалаҳои дигари кишоварзӣ ислоҳоти ин соҳаро муҳим ва саривақтӣ эълон кард ва барномаҳои зиёди давлатиро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои кишоварзӣ қабул намуд. Дар натиҷа имкони васеъ фароҳам омад, ки ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ якчанд маротиба зиёд гардад, самаранонки обу замин таъмин шавад, рӯйёндани се ҳосил дар як мавсим роҳандозӣ гардад ва аз ҳисоби заминҳои боир майдони кишт васеътар шаванд. Махсусан, таъмини аҳолӣ ба гандуму картошка муваффақияти назаррас дар ду даҳсолаи охир барои кишвар мебошад. Ҳамзамон барои ҳавасманд кардани деҳқонон Сарвари давлат имтиёзҳои алоҳидаро ҷорӣ намуданд, ки кишоварзонро руҳбаланд ва ҳавасманд гардониданд.

Дар асоси ислоҳоти кишоварзӣ мардум соҳиби замин ва замин соҳиби худро пайдо кард ва ҳаёти деҳқонони асил беҳбудӣ пайдо намуд.

Баробари пешрафти соҳаҳои афзалиятноки кишвар, махсусан саноат, истихроҷи канданиҳои фойданок, бунёди корхонаву коргоҳҳо Сарвари хирадманд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чаҳорум – саноатикунонии босуръати кишварро эълон карданд, ки он барои тараққиёти соҳаҳои мухталифи саноат ва дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ роҳи васеъ боз намуд. Дар ин замина садҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ дар кишвар таъсис ёфтанд, корхонаҳои бекорхобида ба фаъолият оғоз намуданд ва саноати куҳиву металургӣ пеш рафта, барои тараққиёти бемайлони Тоҷикистон роҳи васеъ боз гардид. Бо ин иқдоми шоиста муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳибкориро дар кишвар беҳтар намуданд ва барои ворид шудани сармояи мустақим шароит фароҳам оварда, вазъи моддиву иҷтимоии коргаронро дар кишвар беҳтар гардониданд. Инчунин садҳо ҷойҳои нави корӣ пайдо шуданд, ки барои таъмини аҳолии бекор нақши калидӣ бозиданд. Барои боз ҳам рушд намудани ин соҳаи ҳаётан муҳим ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар солҳои 2022 – 2025 — солҳои рушди саноат дар мамлакат эълон намуданд, ки он дар рушду тараққиёти минбаъдаи ҷумҳурӣ нақши арзишманд хоҳад бозид.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиву як соли даврони Истиқлолият инчунин ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ низ аҳаммияти аввалиндараҷа доданд ва дар ин муддат як қатор пешравиҳои назаррасро соҳиб шуданд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корро дар ин самт аз ислоҳоту навсозии соҳаҳои илму маориф оғоз намуданд ва иқдомҳои шоистаро дар ин самт амалӣ карданд, ки онҳо, бешак боиси пешрафти илму маориф дар кишвар гардиданд.

Хидмати шоистаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илм иборат аз он аст, ки ӯ ба мисли баъзе кишварҳои минтақа Академияи илмҳоро барҳам надоданд, балки, баръакс, барои таҳкими пояҳои моддиву техникии он талош карданд. Дар ин самт Роҳбари давлат як қатор барномаҳои давлатӣ ва консепсияҳоро қабул намуданд, ки онҳо барои рушди илми ватанӣ ёрии амалӣ расониданд.

Вай дар таъсиси як қатор муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла институти об, маркази пиряхшиносӣ, иниститути демография ва бисёр марказҳои дигар саҳми бевосита дошта, дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар хориҷ ва дохили кишвар нақши арзанда гузоштааст.

Бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатрор чорабиниҳои байналмилалӣ доир гардиданд, ки намунаи олии онҳо таҷлили ҷашнҳои   1100 — солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни ориёниҳо, ҷашни 2500 — солагии Истаравшан, 2700 — солагии Кӯлоби бостонӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 2700 — солагии китоби муқаддаси “Авасто”, 5500 — солагии Саразми бостонӣ, ва бузургдошти як қатор адибону олимони барҷастаи халқи тоҷик, аз қабили устод Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хисрав, Умари Хайём, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Нақибхони Туғрал ва дигарон мебошанд, ки бо иштироки олимони шинохтаи дунё таҷлил гардиданд ва ҳар кадоми он самараи дилхоҳ дар рушди илми муосири даврони истиқлол доданд.

Маориф низ бо саъйю талоши бевоситаи Раҳбари хирадманд ва дурандеш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш рафт ва дар ин давраи таърихӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.

Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат аз соли 2004 ислоҳоти ҷиддӣ дар соҳаи маориф оғоз шуд ва то ба имрӯз идома дорад. Ислоҳоти соҳаи маориф аз стандартҳои давлатӣ ва тағйири нақшаҳои таълимӣ оғоз шуд ва бо бунёду азнавсозии мактабу муассисаҳои таълимӣ то ба имрӯз идома дорад. Махсусан, дар ин давра беш аз 90 мактабҳое, ки дар хонаҳои шахсӣ қарор доштанд ва 78 мактабҳое, ки дар вагонхонаҳо фаъолият мекарданд, ба ҷойяшон мактабҳои замонавӣ бунёд шуданд, ки ин дар як марҳилаи кутоҳ бешак дастоварди бузург ба шумор мерафт. Дар давоми соҳибистиқлолӣ шояд беш аз 3400 муассисаҳои хурду бузурги соҳаи маориф бунёд шуданд, ки боиси беҳтар шудани инфрасохтор дар ин соҳаи ҳаётан муҳим ба шумор меравад.

Ба ғайр аз ин дар асоси ислоҳоти мазкур беш аз 150 мактабҳои типи нав, ба монанди литсей, гимназия, мактабҳои Президентӣ дар ҷойи холӣ таъсис ёфтанд, ки онҳо дар тарбияи маънавии насли наврас таъсири амиқ гузоштанд. Ҳамзамон дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ низ тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Дар ин давра теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба маротиб зиёд гардида, миқдорашон аз 50 зиёд гардиданд ва фарогири ҷавонон ба таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ ба маротиб зиёд шуданд. Ин ҳама боиси боло рафтани мафкураи ҷавонон ва соҳиби касб гардидани онҳо гардид. Дар ин давра инчунин якчанд маротиба маоши омӯзгорон зиёд карда шуд ва боварӣ дорем, ки дар оянда низ маоши тарбиятгарони насли ояндаи кишвар ба маротиб зиёд мешавад. Танҳо боло бурдани маоши омӯзгорон имкон медиҳад, ки сифати таълим дар мактабҳо беҳтар гардад. Ин корро кишвари ҳамсоя – Ӯзбекистон оғоз кардааст ва умедворем, ки ҷумҳурии мо низ ин иқдомро дастгирӣ карда, маоши омӯзгоронро якчанд маротиба баланд мебардорад.

Бояд гуфт, ки дар раванди ислоҳот ва навсозии соҳаи маориф нақши Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан назаррас мебошад. Вай дар се марҳилаи ислоҳлоти соҳаи маориф шахсан иштироки фаъолона карда, барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлатро қабул намуданд. Махсусан, қабули ҳуҷҷати аз ҳама муҳим — “Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон”, дар ду марҳала, имкон дод, ки навсозӣ ва рушди соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин гарданд ва мушкилоти ҷойдошта давра ба давра бартараф шаванд. Ин Стратегияи миллиро шарикони рушд ҳам дастгирӣ намуданд ва барои тараққиёти ин самти афзалиятноки кишвар ҷудо кардани қарзу грантҳои алоҳида ва имтиёзнокро муҳим ва сарвақтӣ дониста, аз ҳар ҷиҳат соҳаи маорифро дастгирӣ карданд. Дар натиҷа на танҳо низоми таҳсилот ба куллӣ тағйир ёфт, балки он бо суръат пеш рафта, боиси таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ гардиданд. Дар ин замина инчунин таҳсили фарогир ва рақамӣ ба роҳ монда шуд, ки он навгонӣ дар соҳаи маориф ба шумор меравад. Барои ҷорӣ кардани ислоҳоти соҳаи маориф дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз якуним миллиард сомонӣ сарф шудааст.

Ҳамин гуна муваффақиятро дар соҳаи фарҳангу санъат, тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ дидан мумкин аст. Дар зарфи беш аз сӣ соли Итиқлол соҳаҳои мазкур низ ба куллӣ пеш рафта, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар муассисаҳои зиёди фарҳангиву тандурустӣ бунёд шуданд, ки онҳо имрӯзҳо дар хидмати мардум мебошанд.

Дар низоми сиёсати хориҷӣ низ саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят чашмрас мебошад. Маҳз бо талошҳои пайвастаи Ҳукумат ва давлати ҷавони тоҷикон Созмони Миллали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохт ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари байрақҳои дигар кишварҳо дар назди бинои Созмони мазкур барафрохта шуд.

Тоҷикистони соҳибзафар ва соҳибистиқлол аз ин ва баъд дар ҷаласаҳои Созмони Миллаи Муттаҳид фаъолона иштирок карда, намояндаи комилҳуқуқи он дар қарору қатъномаҳо имзо мегузорад ва мисли дигар давлатҳо соҳиби овози ягона мебошад.

Бояд гуфт, ки аз минбари ин Созмони бонуфуз Сарвари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо истифода карда, ҷаҳониёнро аз дастоварҳои кишвараш огоҳ сохтааст ва бо ташаббус баромад намуда, давлаташро шоиста муаррифӣ кардааст.

Бо ин роҳ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи фарҳангӣ ва неруни нармро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тарғиб намуд ва дар фаъолиятмандии иҷтимоӣ ва сиёсии худ аз арзишҳои дипломатияи фарҳангӣ ва неруи нарм истифода карданд ва Тоҷикистонро аз ҳар ҷиҳат ба оламиён муаррифӣ намуданд. Муҳимтарин иқдоме, ки дар ин самт сурат гирифт, тавассути ЮНЕСКО муаррифӣ намудани мероси моддӣ ва маънавии халқи тоҷик мебошад. Бо ин мақсад баъзе рӯйдодҳои таърихӣ, осори қадима, арзишҳои муҳимми фарҳангӣ ва бузргдошти шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик ба рӯйхати мероси моддӣ ва ғайримодии ҷаҳонӣ ворид шуданд ва Тоҷикистон бо ин роҳ бештар ба оламиён муаррифӣ гардид. Ҷашнвораҳое, аз қабили 1100 — солагии давлати Сомониён, 2500 — солагии Истаравшан, 2700 — солагии Кӯлоб, 5500 — солагии Саразми бостонӣ, ҷашни миллии Наврӯз, санъати “Шашмақом” ва “Фалак”, “Оши палов”, “Чакан” ва ғайраҳо мисоли равшани гуфтаҳои болост, ки ба мероси пурғановати моддӣ ва ғайримоддии ҷаҳон шомил шудаанд.

Дар баробари ин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба аз минбари ин Созмони бонуфузи илмиву фарҳангӣ баромад карда, аз қадима будани мардуми тоҷик, фарҳанги воло ва маҳорату истеъдоди тоҷикон дар гузашта ва имрӯз изҳори андеша намуданд. Махсусан, муаррифии нигораҳои бостонии тоҷикон дар осорхонаи Гиме-и Париж ва иштироки Президенти Ҷумҳурии Фаронса Ҷаноби Эммануэл Макрон дар ин чорабинӣ ва инчунин иштироки санъаткорони тоҷик дар саҳни ЮНЕСКО бори дигар тарғибгари неруи нарм будани Сарвари давлатро ошкор месозад. Чанд сол қабл низ бо иштироки собиқ Президенти Фаронса чунин чорабинӣ дар толори васеи ЮНЕСКО доир гардида, як зумра санъаткорони тоҷик ба мукофотҳои давлатии ин кишвар сарфароз шуда буданд. Чунин ҳамкорӣ ва муаррифӣ дар ташаккули неруи нарм таъсир расонид ва барои шоиста шинос кардани Тоҷикистон нақши арзишманд бозид.

Чанд соли охир муаррифии санъату фарҳанги тоҷикон тавассути намояндагиҳои дипломатӣ дар кишварҳои хориҷӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Бо ин роҳ неруи нарм тарғиб шуда, фарҳангу санъат, ҳунару адабиёт ва мероси маъанавии кишварамон ба таври шоиста ташвиқ гардида истодааст. Чунин табодули фарҳангӣ барои ҷомеаи тоҷикон нав буда, дар ташаккули дипломатияи фарҳангӣ нақши муҳим мебозад. Маҳз баъди Истиқлолияти давлатӣ бештари кишварҳо тавассути намояндагиҳои дипломатӣ бо санъату фарҳанги тоҷикон ошноӣ пайдо карда, ба ҳунари онҳо баҳои баланд медиҳанд. Ин анъана имрӯз ҳам идома дорад ва бо шаклу шеваи нав густариш меёбад. Ҳатто намоиши либосҳои миллӣ дар хориҷа, ки боиси таваҷҷуҳи хоси мутахассисони соҳаи ҳунар ва санъат гардиданд, нишонаи таҳкими фаъолияти фарҳангӣ ва неруи нарм дар хориҷ мебошад.

Дар ташаккули неруи нарм чопи осори адибону олимони тоҷику форс, аз ҷумла, устод Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шеърозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон бо забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, немисӣ, арабӣ ва ғайраҳо таъсири амиқ гузошта истодааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ муарриифии ин чеҳраҳои илмиву адабӣ имкон дод, ки аҳли илму адаби сайёра ба сарнавишту фарҳанги тоҷикон ошноӣ пайдо намоянд ва таъриху маданияти тоҷиконро бештар омӯзанд. Ин раванд имкон дод, ки дипломатияи фарҳангӣ боз ҳам пеш равад ва Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат муаррифӣ гардад ва ҷойгоҳи хешро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ уствор намояд.

Бо баракати Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими пойдории давлатдории миллӣ, дар ҳақиқат Сарвари давалат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди дипломатияи фарҳангӣ эътибори аввалиндараҷа дода, таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро омӯхтанд ва бо ин роҳ ҳамкориҳои байналмилалиро густариш бахшиданд. Дар ин замина муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ ва санъати миллӣ тавассути сафоратонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар имкон дод, ки мероси маънавӣ зиёдтар тарғиб гардад. Махсусан, дар арафаи ҷашнҳои Исиқлолияти давлатӣ, ҷашнҳои миллии Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва идҳои мазҳабӣ — Иди Қурбон ва Рамазон урфу одат, анъанаву суннатҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, дар ин чорабиниҳо олимону зиёиёни зиёди хориҷӣ иштирок карда, доир ба фарҳанги мо маълумот пайдо менамоянд ва ба расму оинамон аз наздик шинос мешаванд. Бо ҳамин восита борҳо дастаҳои ҳунарии Тоҷикистон, ансамблҳои оилавӣ, рассомону ҳунармандон ба кишварҳои хориҷӣ сафар карда, санъату мусиқии тоҷикиро муаррифӣ намудаанд.

Боиси хушнудист, ки дар баробари ин дар Фаронса, Амрико, Шветсия, Олмон, Россия ва кишварҳои дигар марказҳои алоҳидаи фарҳангӣ арзи ҳастӣ карданд, ки дар тарғиби санъату мусиқӣ, таъриху адабиёти халқи тоҷик ва таҳкими дипломатияи фарҳангӣ ҳиссаи сазовор гузоштаанд. Масалан, Маркази фараҳнгиву илмии “Рӯдакӣ” – и Масъуди Миршоҳӣ дар замони соҳибистиқлолӣ арзи ҳастӣ карда, барои муаррифии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст. Тавассути ин Марказ даҳҳо мақолаҳои илмиву оммавӣ бо забонҳои фаронсавӣ, англисӣ ва форсӣ чоп шуда, дар тарғиби урфу одатҳои мардуми тоҷик, сазовор тарғиб намудани илму адаби тоҷикӣ нақши беназир бозидаанд.

Ҳамин анъанаи некро дар Амрико шодравон, шоири шинохта ва маҳбуби халқи тоҷик Масъуди Сипанд (Рӯҳи покашон шод бод! – А. Р.) идома доданд ва борҳо тавассути канали телевезионии шахсии “Боҳамисон” ва рӯзномаву маҷаллаҳои амрикоӣ мақолаву гузориш, хабару репортажҳои зиёдеро пахш ва нашр карда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба таври шоиста муаррифӣ намуданд.

Дар идомаи ин суннати накӯ, Обтини Оина дар Шветсия ба тарғиби фарҳангу адабиёт, таъриху устураҳои тоҷикон даст зада, якчанд мақолаҳои илмӣ ва китоби алоҳидаро аз нашр баровард. Чунин дилбохтагони забону адабиёт ва фарҳангу санъати тоҷик дар дигар кишварҳо ҳам ҳастанд, ки ҳар кадом бо меҳру муҳаббати хос Тоҷикистонро дар мамлакати хеш муаррифӣ мекунанд ва намунаҳои осору санъати тоҷикиро ба маърази тамошо гузошта, дипломатияи фарҳангиро таҳким мебахшанд.

Ба ғайр аз ин, ба хотири уствор кардани дипломатияи фарҳангӣ бо ибтикори Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти байналмилалии “Пайванд” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ки дар таҳкими дипломатияи фарҳангӣ нақши сазовор мебозад. Тавассути баргузории “Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё” ва фаъолияти густурдаи аъзои раёсати Ҷамъияти “Пайванд” садҳо дӯстдорони фарҳангу адабиёт аз гӯшаву канори дунё ба Тоҷикистон омада, ба дастоварҳои замони Истиқлол шинос шуданд ва бо Сарвари хирадманди тоҷикон вохӯрӣ доир карда, дар ҳамоишҳои илмӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Баробари ин бо як ҷаҳон таассурот ба диёрашон баргашта, фарҳанги тоҷиконро шоиста тарғиб намуданд. Ин ҷамъияти байналмилалӣ боис шуд, ки тоҷиконро дар ҷаҳон бештар шиносанд ва фарҳангашонро зиёдтар тарғиб намоянд. Бешак, бояд гуфт, ки неруи нарм ва дипломатияи фарҳангӣ имкон дод, ки маданият ва таърихи тоҷикон дар олам ба таври шоиста муаррифӣ шавад ва мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд равад.

Дар ин раванд конфорнсҳои байналмилалии сатҳи баланд дар масъалаи об имкон дод, ки Тоҷикистон хешро зиёдтар муаррифӣ намояд. Доир ба чаҳор пешниҳоди Тоҷикистон дар масъалаи об («Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028») қатъномаҳои Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардаданд, ки ҳар кадом барои боз ҳам хубтар шиносоӣ намудани Тоҷикистон мусоидат карданд. Дар асоси ин ҳуҷҷатҳои сатҳи баланд аксари кишварҳои пешрафта ва мутаррақӣ Саммит ва конфронсҳои байналмилалиро ба нақшаи кори ҳукматҳояшон ворид карда, бо иштироки давлатҳои мухталиф онҳоро баргузор намуда истодаанд. Хушбахтона, дар ҳама ҷаласаҳои сатҳи баланд ташаббуси Тоҷикистон таъкид мешаванд ва номи кишвари мо ҳамчун ташаббускор ба некӣ ёд мегардад. Ҳамин гуна Панели сатҳи баланд дар масъалаи об дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд. 

Дар кишвари азизамон қариб ҳар сол чорабинии сатҳи баланд дар мавзӯи об бо иштироки намояндагони Созмони Милали Муттаҳид доир мегардад, ки дар он коршиносони кишварҳои мухталиф иштирок менамоянд ва ташаббуси Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, қарорҳои дахлдорро ба тасвиб мерасонад. Ин ҳамоишҳои илмиву амалӣ аз як ҷиҳат имиҷи Тоҷикистонро баланд мебардорад, аз ҷониби дигар, ба сифати неруи нарм Тоҷикистон ва Сарвари онро шоиста муаррифӣ менамояд.

Бе муболиға метавон гуфт, ки Истиқлолияти давлатӣ ба халқи тоҷик имкон дод, ки таҳти роҳбарии Президент, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо мушкилоти дохилиро ҳал намояд, сулҳу ваҳдатро пойдор гардонад, кишварро ба давлати рӯ ба тараққӣ мубадал гардонад, балки дипломатияи фарҳангиро ҳамчун ҷузъи неруи нарм рушд диҳад ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Ин неъмати бебаҳо асос гузошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтёр шинохта шавад ва мисли аксари кишварҳои мустақил барои рушди уствори худ заминаҳои мусоид фароҳам оварад ва пеш рафта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.

Дар интиҳо, мардуми шарифу шарофатманд, халқи баору номус ва ватандӯсту худшиносро ба ин рӯзи фархунда – Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба Тоҷикистони азиз пешрафт ва тараққиёти ҳарчи бештарро таманно дорем.

Абдуҷаббор Раҳмонзода

Сафири Фавқулода ва Мухтори

Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram