РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Осорхонаҳои миллии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ҳамкориҳоро тақвият медиҳанд

5 сентябр директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон мулоқоти корӣ анҷом дод. Дар ин бора аз Осрхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ибтидо Иброҳимзода Зафаршо ташрифи меҳмони олиқадро ба Осорхонаи миллӣ, ки дар арафаи яке аз ҷашнҳои бузурги миллиамон, яъне 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, хайрамақдам намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими равобити фарҳангӣ, табодули таҷрибаи осорхонавӣ, тармиму таҳкими ашёи нодири осорхонавӣ, таҳия ва чоп намудани феҳристи ёдгориҳои нодири осорхона бо забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ, ташкил ва баргузор намудани намоишҳои муваққатӣ дар Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, омода намудани мутахассисон дар соҳаи тармиму консерватсия, ба имзо расонидани созишнома миёнаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Арабистони Саудӣ ва дигар самтҳои муҳимми фаъолияти осорхонавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон тавассути толорҳои экспозитсионии Осорхона бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз низдик шинос шуд.

Пас аз тамошои Осорхона Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро қайд намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram