РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

ТАВАҶҶУҲ! Дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати нақлиёт маҳдуд мешавад

Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе  расонида мешавад, ки 7-8 сентябри соли равон аз соати 17:00 то 22:00 ҳаракати нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ ва С.Носири пойтахт маҳдуд мегардад. Дар ин бора аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд..

Ба иттилои манбаъ, маҳдудияти воситаи нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба истиқболи 31-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8 сентябр бахшида ба он барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегарданд, ҷорӣ карда мешавад.

Инчунин дар ин давра воридшавии воситаҳои нақлиёт аз дигар минтақаҳо ба шаҳри Душанбе маҳдуд карда мешавад.

Раёсати БДА ВКД мамлакат аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинии мазкур аз истифодаи мошинҳои шахсӣ худдорӣ намуда, аз воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram