РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

ВКХ: Муовини вазир нусхаи эътимодномаи  Роҳбари навтаъйиншудаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупоро пазируфт

6 сентябри соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Роҳбари навтаъйиншудаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундус Кароблисро қабул кард. Дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ инчунин густариши ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ роҳбари нави Намояндагиро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ҷиҳати пешбурди рисолати дипломатияш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram