7-уми сентябри соли равон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст, раиси Кумита ҳозирин ва дар симои онҳо кулли кормандони соҳаро бо 31-солагиии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, дар иҷрои масъулияти муҳиммашон устуворӣ, садоқатмандӣ ва комёбӣ таманно кард. Қайд шуд, ки дар зарфи 31 соли Истиқлоли давлатӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо ба дастовардҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва илмию фарҳангӣ мушарраф шуд.
Сипас як қатор кормандони эҷодию техникии сохторҳои Кумита барои саҳми арзанда ва хизматҳои шоён дар рушду нумӯъи телевизион ва радио, тарғиби ғояҳои ватанпарастию ҳуввияти миллӣ, дастовардҳои даврони истиқлолияти ватани маҳбубамон ва пешгирии ифротгароиву хурофотпарастӣ тавассути барномаву гуфторҳои пурмазмун бо унвони “Аълочии телевизион ва радио”, Ифтихорномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.